Роҳи Душанбе – Турсунзода таҷдид мешавад
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо доир ба таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзҳои наздик амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода оғоз мегардад.Ба иттилои манбаъ, сабаби таъхири татбиқи лоиҳа сари вақт накӯчонидани хонаҳои канори роҳ буд. Танҳо таъхири кӯчонидани 300 хоҷагии канори роҳ мӯҳлати амалисозии барномаро се моҳ қафо бурд. Хушбахтона, акнун ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт ва соҳибони хонаҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шуданд.Барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ 186 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст, ки 120 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд (БОР), 39 миллионашро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 миллиони дигарро аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пардохт менамояд.