Роҳи сунъии нархгузорӣ пешгирӣ мегардад

Июль 29, 2011 10:00

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, аввалҳои соли ҷорӣ аз тарафи воридкунандагони асосии маводи ғизоӣ аз қабили орду гандум ФР ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо сабаби хушксолии соли 2010 баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд, ки он боиси боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.Рафти ҷамъоварии ғалла дар ин ду кишвари ғаллакор аз рӯёнидани ҳосили хуби он гувоҳӣ медиҳад. Танҳо дар ФР ҷамъоварии ғалла ҳудуди 90 млн. тонна дар назар аст.Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2010 як баробар зиёд ғалла истеҳсол карданист. Омили фаровонҳосилӣ дар тобистони соли ҷорӣ боис шуд то монеаҳои қаблӣ оид ба содироти ғалла бекор карда шавад.Ду соли охир дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам беш аз 1 млн. тонна ғалладона истеҳсол карда мешавад, ки он 50 фоизи талаботи аҳолиро бо орду гандум таъмин менамояд. Ба андешаи мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо болоравии нархи орду гандум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани манфиати бештар аз тарафи тоҷирон бо роҳи сунъӣ роҳандозӣ шудааст, ки ин амал аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати рушди иқтисод пешгирӣ хоҳад шуд.

Июль 29, 2011 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад