Рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Июль 26, 2011 16:43

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 25 июли соли 2011 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конфронс Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов А.М, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов М.З., муовини якуми Раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфов А. ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ВАО ва муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи инсон дар даврони истиқлолият» маърӯза намуд. Номбурда аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри риоя, эҳтиром, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан карда , аз ҷумла чунин гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, меъёрҳои умумии эътирофшудаи байналмилалиро эҳтиром ва пос дошта, дар ин самт гомҳои устувор мениҳад.Барои кишваре, ки пас аз соҳибистиқлол шудан мебоист баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, барқарор намудани равобити судманди байналмилалӣ, эҳё намудани забону фарҳанги маҳдудгашта, дар сатҳи қонун эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва умуман гузоштани таҳкурсии қавӣ ба истиқболи ҳазораи нав бикӯшад, зарурати ба эътидол овардани вазъияти сиёсии давлат – ҷанги шаҳрвандӣ пеш омад. Новобаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли Истиқлолият тавонист сулҳу ваҳдатро пойдор намуда, барои эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кӯшишҳои пайгирона намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз намуда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд». Ашӯров М.У. – сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи инсон дар амалияи ҳуқуқтадбиқкунӣ», Б.Сафаров – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Н.Ширинбекова-роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуда, ба суолҳои иштирокдорони конфронс ҷавобҳои асоснок ва қонеъкунанда доданд.Ҳадаф аз баргузории ин конфронс натиҷагирӣ аз рушди ҳуқуқи инсон дар 20-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он зикр шуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бояд минбаъд ҳам бо баргузор намудани чунин чорабиниҳо фаъолияти худро тақвият бахшида, дар самти ҳимоя, ҳифз, риояву эҳтиром ва рушди ҳуқуқи инсон дар доираи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Суҳайлӣ Қодиров- котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дод.

Июль 26, 2011 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад