Сӯҳбати Ҳ.Зарифӣ бо Лорд Вейверли

Июль 27, 2011 10:23

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 26 июли соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, вазъи Афғонистон ва ҳамкории ҳар ду кишвар дар ин самт, рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамчунин ҷалби сармояҳои Британия ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин самт масъалаи ташкили сафари ҳайати намояндагони аҳли тиҷорати Британия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2012 баррасӣ шуд.Ҳ.Зарифӣ таваҷҷӯҳи мусоҳибро ба зарурати гузоштани заминаи мустаҳками муносибатҳои дуҷониба ба манзури фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳли тиҷорати Британия ҷалб намуд.Лорд Вейверли Вазири корҳои хориҷиро аз доир намудани конфронс оид ба масоили Осиёи Марказӣ, ки бояд бо ибтикори ширкати «Dithley Foundation» моҳи ноябри соли равон дар Британияи Кабир баргузор гардад, воқиф намуда, гуфт, ки бояд ҳайати олимақоми ҷониби Тоҷикистон дар он ширкат варзад.

Июль 27, 2011 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад