Сӯхтор шаҳрванди 33-соларо ба ҳалокат расонид
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шаби 13 ба 14-уми июли соли ҷорӣ дар ду бинои истиқоматии шаҳри Чкалови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он сокини 33-сола Илҳом Даминов ба ҳалокат расид. Тавре ба АМИТ «Ховар», аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят хабар доданд, сӯхтор дар бинои истиқоматии № 65-и кӯчаи Осипенко ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа алангаи оташ ба бинои истиқоматии ҳамсоя низ гузашт. Майдони умумии сӯхтор, ки ду бинои манзили истиқоматиро фаро гирифт, 180 метри мураббаъро ташкил дод. Ба сӯхторнишинони ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда муяссар гардид, ки дар муддати якуним соат оташро пурра хомӯш намоянд.Айни замон сабаб ва зарари вориднамудаи сӯхтор муайян карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






