Сафари кории Сарвари Давлат ба ноҳияи Хуросон
Хуросон, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ оғоз кард. Мақсади сафар шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи номбурда мебошад. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 58 деҳаи Чорбоғи ноҳия иштирок кард. Сохтмони мактаби мазкур соли 2009 оғоз ёфтааст. Мактаб аз ду ошёна иборат аст ва барои 900 хонанда пешбинӣ шудааст.Мактаб дорои 14 синфхона, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, ду синфхонаи лингофонӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва толори хониш иборат аст. Дар китобхонаи он айни замон 4 ҳазор китоби таълимию бадеӣ мавҷуд аст. Барои сохтмони ин таълимгоҳ 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҶТ ҷудо гардида, сохтмони онро маъмурияти сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба анҷом расонидааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз синфхонаҳои мактаб хонандагонро барои азхуд намудани технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаби замонавӣ далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҶТ мебошад. Сарвари Давлат ба падару модарон муроҷиат карда таъкид намуд, ки дар тарбияи фарзандони худ бетараф набошанд ва ба онҳо бештар ғамхорӣ зоҳир намоянд. Сафари кории Президенти кишвар дар вилояти Хатлон идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






