Саховати дипломат

Июль 26, 2011 09:26

Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Маркази кӯдакони бепарастори шаҳри Душанбе боздид намуд. Сафир бо шароити зисту тарбияи бачаҳо аз наздик шинос шуда, зимни мулоқот бо мураббияҳои марказ зикр кард, ки – «шумо инсонҳои нексиришт ва муқаддасед, зеро тарбияи кӯдаконеро ба ӯҳда доред, ки онҳо аз меҳру муҳаббати падару модар бебаҳраанд». Дипломати эронӣ ба тарбиятгирандагони марказ, ки теъдодашон беш аз 130 нафар аст, бозичаҳо ва маводи ғизоӣ тақдим карда, ба онҳо тандурустӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуд.Сафири Эрон, ҳамзамон аз Маркази куҳансолони шаҳри Душанбе дидан намуда, бо шароити зисти онҳо ошно гардида ва ба онҳо либос, маводи хӯрока ва Қуръони карим эҳдо намуд. Бояд зикр кард, ки дар маркази куҳансолони шаҳри Душанбе 135 нафар пиронсолон зиндагӣ менамоянд.Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ Ховар» иттилоъ доданд, ки иқдоми хайрхоҳонаи Алисасғари Шеърдӯст дар нимаи шаъбон сурат гирифтааст.

Июль 26, 2011 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад