Санҷиши сифати маҳсулот
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи нозирони Агентии Тоҷикстандарт оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва сифати маҳсулот дар субеъктҳои хоҷагидор 2,4 ҳазор санҷиш ва назорати давлатӣ гузаронида шуда, дар натиҷа дар 715 санҷиш ва назорати давлатӣ камбудиҳо ошкор гардиданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатcия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шукуров.«Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи озмоишгоҳҳо 18,3 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 65,7 тонна равғани растанӣ, 1,95 тонна маҳсулоти макаронӣ, 12 тонна орду гандум, 1 ҳазору 681 дал нӯшокии спиртӣ, 20,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 2,2 тонна маҳсулоти ширӣ ва 73,4 тонна меваю сабзавот ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард шуданд», — афзуд директори Агентии Тоҷикстандарт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






