Саргаҳи Вахш мавриди омӯзиш
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Хадамоти маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров, хадамоти мазкур бори аввал ба омӯзиши саргаҳи дарёи Вахш, ки аз пиряхҳои Скогач ва Ғармо ибтидо мегирад, оғоз кард. Барои омӯзиш ва баррасии ин масъалаи ниҳоят зарурӣ Хадамоти маркази обуҳавошиносии кишвар экспедитсияи мутахассисонро ташкил карда, пардохти хароҷотро пурра ба зиммаи худ гирифтааст.Экспедитсия ба худ номи ду пиряхи бузург- Скогач ва Ғарморо гирифтааст. Ба гуфти М.Сафаров, экспедитсия аксбардории топографиро дар мисоли ин ду пирях анҷом дода, бар замми ин тавассути дастгоҳҳои махсуси компютерӣ ба маҳвораҳо пайваст шуда, вазъи пиряхҳо дар саргаҳи дарёи Вахш аксбардорӣ мешавад.Даъвоҳо дар мавриди он ки чангу ғубори кӯли Арал болои ин пиряхҳоро мепӯшонад ва ин боиси зуд об шудани пиряхҳо мегардад, омӯхта хоҳад шуд. Танҳо баъди омӯзиш ба ҳама саволҳои вобаста ба камшавии пиряхҳо ҷавобҳои дуруст пайдо кардан мумкин аст,- иброз дошт М. Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






