Саршумори чорвои калони шохдор афзуд
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Тоҷикистон саршумори чорвои калони шохдор то 1 июли соли ҷорӣ 50, 5 ҳазор сар ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 % зиёд шудааст. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ то 1 июл афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи гурӯҳи хоҷагии халқ зиёда аз 1,9 млн. ҳазор сарро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи саршумори умумии чорво 91,9 % чорвои калони шохдор ва 81,1 % гӯсфанду бӯз ба хоҷагиҳои аҳолӣ тааллуқ дорад. Дар ин давра ҳамчунин саршумори гӯсфанд ва бӯз баробари 120, 4 ҳазор сар афзуд. Аз моҳи январ то моҳи июни соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи гурӯҳи хоҷагиҳо 51,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5 % зиёд аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






