«Савгандшикаста» рӯи кор омад

Июль 15, 2011 15:10

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- ҶСК «Телерадиоком» дар нимаи якуми соли 2011 дар ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои наздисарҳадии тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи наздик ба 90 дастгоҳи мавҷпаҳнкунии телевизионӣ ва радиоиро ба истифода дод, ки дар натиҷа сифати пахши барномаҳо се-чор баробар беҳтар шуд,- иброз дошт ба хабарнигорони ВАО зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов.Мавсуф афзуд, ки ТВ «Кӯлоб» ҳам иқтидори техникиашро баланд мебардорад. Мавҷгири пахши барномаҳоро 15 метр боло намуда, ба 55 метр расониданием, ки фарогирии мавҷро дар минтақаҳои кӯҳистон хеле беҳтар мекунад.Дар нимаи аввали соли равон гурӯҳи эҷодии Киностудия филми мустанади «Ҷилваи ҳусн» (иборат аз ду қисм), филми мутанади «Сарчашмаи ҳаёт» (доир ба захираҳои оби Тоҷикистон), филми мустанади илмӣ-омӯзишии «Тоҷикистон- ватани Наврӯз аст»-ро ба анҷом расонид. Дубляжи 8 филми ҳунарию ҳуҷҷатӣ анҷом дода шуд. Айни ҳол филми бадеии «Савгандшикаста» пурра наворбардорӣ шуда, рӯи кор аст,-афзуд А. Раҳмонов.

Июль 15, 2011 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад