Шабакаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Тавре аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба сифати раванди афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ дар мадди назар ва таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.Дар ҳамин раванд мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҷиҳати танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳким ва татбиқи босамари сиёсати давлат пайваста амал намуда, дар доираи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011” аз рўи 6 самти асосӣ- таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок ва таъину пардохти кўмакпулӣ барои бекорон иҷрои нишондиҳандаҳои барномаро ба андозаи 63,1 фоизи нақшаи солона таъмин намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд аст.Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 61588 нафар шаҳрвандон дар мавриди масъалаҳои шуғл муроҷиат намуданд, ки ба 25 ҳазору 9 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” дар маҷмўъ 17 ҳазору 476 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки 60,5 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад.Ба 12 130 нафар ҷиҳати интихоби дурусти касбу кор хизмати роҳнамоии касбӣ расонида шуд. Ба 2 675 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати аз 3 то 6 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 80 597 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 346 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 3385 нафар корҷўён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






