Шишаи «Бародарони саховатманд»

Июль 16, 2011 15:21

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 961,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,5 фоизро ташкил дода, маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 188,9 миллион сомонӣ зиёд истеҳсол гардидааст. Мавсуф афзуд, ки аз 246 корхонаи саноатӣ 175 корхона вусъати афзоишро нисбат ба соли гузашта таъмин намуданд, 54 корхона нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд ва 17 корхона аз фаъолият бозмондаанд. Аз 72 номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ дар нимаи аввали соли 2011 истеҳсоли 40 номгӯй маҳсулоти саноатӣ (55, 5 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст. Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли соҳаи саноати сабук 156,4 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,8 фоизро дар бар гирифт. Корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро бо нархҳои муқоисавӣ ба 93,6 млн. сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,1 фоиз зиёд аст. Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар шаҳри Қайроққум заводи истеҳсоли шишаи ширкати “Бародарони саховатманд” бо истифода аз технологияи муосир ба фаъолият оғоз намуда, имконият фароҳам овард, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсоли шиша ба роҳ монда шавад. Инчунин дар ин давра навбати аввали сохтмони фабрикаҳои ресандагӣ бо коркарди пурраи нахи пахта дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод сохта ба истифода дода шуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани фабрикаҳо имконият медиҳад, ки коркарди нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшаванда пурра ба роҳ монда шавад.

Июль 16, 2011 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад