Сокинони Қӯрғонтеппа аз рӯи реҷа газ мегиранд
Қӯрғонтеппа, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Тавре иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи «Қӯрғонтеппагаз» Давлат Ҳомидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 90 фоизи сокинони биноҳои серошёнаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо газ таъмин шудаанд. Мувофиқи суханони Давлат Ҳомидов имрӯзҳо ба хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳр мувофиқи реҷаи муайян дар як шабонарӯз 7 соат газ дода мешавад. Сокинони қарздор имконияти истифода намудани газро надоранд. Ба гуфти роҳбари муассисаи номбурда вазъи иқтисодии «Қӯрғонтеппагаз» чун пештара вазнин буда, ҳоло барои баргардонидани қарзи ҳам сокинон ва ҳам корхонаҳои шаҳр чора дида мешавад. Қарзи корхонаи нуриҳои азотии Вахш то имрӯз беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






