«Созандагони Ватан»- қаноти ҲХДТ

Июль 15, 2011 15:09

Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Охири моҳи июл дар Душанбе нахустин конфронси иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Созандагони ватан» баргузор мегардад. Иттиҳодияи мазкур бо пешниҳоди Раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст. Ҳадафи созмони «Созандагони ватан» ҷалби бештари ҷавонон ба сафи ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани сиёсати созандагии ҳизб ва муқовимат бо ҳар гуна равияҳои номатлуби ифротӣ, ки вақтҳои охир миёни ҷавонон зуҳур намудаанд, ба шумор меравад. Ба кори конфронс намояндагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ даъват гардидаанд.Тавре Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ иброз дошт, ба иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» ҷавонони аз 16 то 35 сола аъзо шуда метавонанд. ҲХДТ дар сафи худ 140 ҳазор нафарро муттаҳид намудааст, ки аз он 50 ҳазорашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Июль 15, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд