«Созандагони ватан»-ро кӣ сарварӣ менамояд?

Июль 27, 2011 15:57

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27 июл дар Душанбе нахустин конфронси Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо номи «Созандагони ватан» баргузор гардид, ки дар он аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ 166 вакил иштирок намуд. Ҳадафи иттиҳодияи мазкур, ки бо пешниҳоди Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст, ҷалби бештари ҷавонон ба сафи ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани сиёсати созандагии ҳизб ва муқовимат бо ҳар гуна равияҳои номатлуби ифротӣ, ки вақтҳои охир дар байни ҷавонон зуҳур намудаанд, ба шумор меравад. Дар конфронс муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифов, мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов, Раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Мағфират Хидирова ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов ширкат намуданд.Ба андешаи муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифов созмони мазкур бо мақсади истифодаи нерӯи ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ созмон дода шуда, дар марҳилаи ҳассоси рушди ҷомеаи башарӣ нақши муассир мебозад. Зикр шуд, ки ҲХДТ нисбат ба тақдири ҷавонони кишвар бетараф нест ва дар марҳила барои ояндаи дурахшони онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои судманд меандешад.Руқия Қурбонов, муовини Сарвазири мамлакат, ки ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аст, доир ба мавқеъ, фаъолияти ҳизб ва нақши Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеа, таҳкими суботи кишвар ва беҳдошти ҳаёти ҷавонон ибрози назар карда, афзуд, ки таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» ташаббуси наҷибест дар дурнамои фаъолгардонии ҷавонон дар ҷомеа ва ҳалли бархе аз мушкилоти мавҷуда. Муовини Сарвазири кишвар ҳамзамон таъсиси иттиҳодияи «Созандагони ватан»-ро неъмати бузурги даврони истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кард.Дар конфронс оинномаи Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» тасдиқ гардида, Адҳамҷон Мирсаидов, ки вазифаи мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ –ро ба ӯҳда дошт, Раиси шӯрои марказии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» интихоб гардид. Ба қавли Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии ҲХДТ, Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» минбари озоди ҷавонон буда, дар мавриди ҷалби ҷавонони кишвар ба ободонию бунёдкорӣ ва ҷилавгирии онҳо аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Ҷавононе, ки аз 16 то 30 сол доранд, ба Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созандагони ватан» пазируфта мешаванд. Ҳоло ҲХДТ дар сафи худ 140 ҳазор нафарро муттаҳид намудааст, ки аз он қариб 50 ҳазорашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Июль 27, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад