Созмони умуҷаҳонии тандурустӣ хабардор менамояд
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Бо ибтикори Созмони умуҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) бори аввал 28 июл чун Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории қубод (гепатит) ҷашн гирифта мешавад, ки мақсад аз он огоҳ намудани мардуми сайёра аз барангезандаи ин намуди беморӣ ва оқибатҳои он мебошад. Қӯбоди барангезандаи А, В, С, D, ва Е метавонад сабаби пайдо гардидани бемориҳои вазнину музмини сирояткунанда, шамолкашӣ, варам ва саратони ҷигар гардад. Ин барангезанда яке аз омилҳои асосии хавфу хатар ба ҳаёти инсон аст.Имрӯз тахминан 350 миллион нафар гирифтори музмини сироятшудаи қубоди В ва тақрибан 170 миллион нафар гирифтори бемории қубоди С мебошанд.Созмони умуҷаҳонии тандурустӣ аз ҳамаи давлатҳо даъват ба амал меорад, ки барои пешгирии ин беморӣ муборизаи зидди қубоди барангезандаро пурзӯр намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






