Тӯҳфа ба китобхонаи миллӣ
Хоруғ, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Сокинони ноҳияи Роштқальа барои ғанигардонии хазинаи Китобхонаи миллии кишвар, ки дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар маркази мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, 10 ҳазор нусха китобҳое оварданд, ки арзиши баланди илмию таърихӣ, фарҳангию бадеӣ доранд, гуфт ба хабарнигорамон мудири шӯъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия А.Асенов. Дар маҷмӯъ то имрӯз сокинони вилоят барои ғанигардонии хазинаи Китобхонаи миллии мамлакат беш аз 50 ҳазор китоби бадей, илмию таърихиро гирд овардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






