Тӯҳфа ба китобхонаи миллӣ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- 14 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ аз ҷониби кормандони вазорат ба Китобхонаи миллӣ 4 ҳазору 50 дона китоб ҳадя гардид.Бояд гуфт, ки бо тӯҳфа намудани китобҳои зиёди оммавӣ, сиёсӣ, таърихӣ, техникию бадеӣ аз тарафи кормандони вазорат захираи Китобхонаи миллӣ пурратар гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии хонандагон ва дўстдорони китоб мусоидат хоҳад кард.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






