Тағийроти кадрӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 29 июл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби вазъи нохуби саломатӣ Қурбон Мадалиев аз вазифаи муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Талъат Нигорова бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» озод карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич муовини аввал ва Расулова Хайринисо Атоевна муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин гардиданд. Ҳамзамон дар бораи таъини Маҳмудов Ҳамза Наврӯзович ба вазифаи Сардори Бозрасии давлатии телевизион ва радио, ки ба наздикӣ дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, қарори Ҳукумати ҶТ қабул гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






