Тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафар бо фаъолони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод вохӯриҳо доир гардид.Зимни сафар гурӯҳи корӣ аз муассисаи давлатии хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ ва маркази будубоши рӯзонаи «Ситора»-и ҳамин ноҳия дидан намуда, инчунин ба 17 нафар эҳтиёҷмандон- собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Данғара ва Мӯъминобод аробачаҳои маъюбӣ ва асобағал тақдим намуданд.Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои ташкили филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ дар шаҳри Норак» бинои дуошёна ҷудо намуд. Дар назар аст, ки бинои мазкур таъмиру тармим гардида, то иди Наврӯзи соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.Ҳамчунин бо раисони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Мир сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, №75 «Дар бораи кӯчонидани 1000 оилаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.