Таҷҳизоти барқи офтобӣ -тӯҳфа ба мардуми кӯҳистон
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Бо ташаб6усу дастгирии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ Вазоратн энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хамкориҳои хориҷӣ бо кишвару созмон ва ширкатҳо ба ҷумҳурӣ зиёда аз 2 ҳазор маҷмӯи таҷҳизоти барқи офтобиро ворид намуд. Мутобиқи даcтyри Президенти кишвар ин таҷҳизот ҳамчун кӯмак ва ба тариқи ройгон ба минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурй тақсим карда мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати ҶТ итиллоъ доданд.25 июли соли ҷорӣ бо ҳузури раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов ба ноҳия 85 адад таҷҳизоти барқи офтобӣ ба манзилҳои истиқоматии сокинони минтақаҳои кӯхистони Яғноб ҳамчун тӯҳфа насб карда шуданд.1 маҷмӯаи таҷҳизоти барқи офтобй 30 Вт буда, ҳангоми насб гардидан қувваи он метавонад боз ҳам зиёдтар гардад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ба сокинони ноҳияи Балҷувон 100 адад, ба ноҳияи Ховалинг 100 адад ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 ҳазор таҷҳизоти барқи офтобӣ дода шуда, қисми боқимонда ба дигар ноҳияҳо дастрас карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






