Ташрифи Сарвари Давлат ба хоҷагии деҳқонии «Шафақ»-и А. Ҷомӣ

Июль 26, 2011 11:24

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Сафари Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома дорад. Айни замон Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дорад. Сарвари Давлат дар ин ҷо ба хоҷагии деҳқонии «Шафақ», ки дар масоҳати беш аз 10 гектар доман паҳн намудааст, ташриф оварда бо фаъолияти аҳли хоҷагӣ аз наздик ошно гардид. Хоҷагии мазкур дар заминаи ҷамоати деҳоти «Яккатут»-и ноҳияи А. Ҷомӣ таъсис ёфта, дар 9 гектар замини он пахта ва дар 1, 64 гектар ғалла кишт шудааст. Кишоварзони хоҷагӣ имсол баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла дар ҷойи он кишти такрории шолӣ ва ҷуваримаккаро ба роҳ монданд. Сарвари Давлат зимни боздид аз хоҷагӣ ба фаъолияти хоҷагидорон мароқ зоҳир намуд. Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ Нуралӣ Азизов фаъолияти он бе кӯмаки сармоягузор ва бо истифода аз меҳнати босамар ва риояи талаботи мавҷуда роҳандозӣ шудааст. Деҳқонони хоҷагӣ аз ҳисоби даромади софи пахтаи соли гузашта бо назардошти боло рафтани арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ фурӯши 1 тонна пахтаро бо қиммати 800 доллари ИМА ба роҳ монданд. Дар ҷараёни сӯҳбат Сарвари Давлат аҳли заҳматро ба ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифат ҳидоят намуда, онҳоро дар баробари парвариш намудани дигар маҳсулоти кишоварзӣ вазифадор намуд, ки барои бунёди боғу токзор кӯшиш намоянд. Сафари Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи А. Ҷомӣ идома дорад.

Июль 26, 2011 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад