Татбиқи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои кишвар
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тайи шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 250 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Назар ба иттилои директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов, дар ин давра ҳамзамон инвеститсияҳои сармояи асосӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 300 миллион сомонӣ зиёд аст. Корҳои сохтмонию васлгарӣ низ ҷараёни тоза гирифта, дар ин давра ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Абдувалӣ Комилов дар мавриди ҷараёни татбиқи нақшаҳои генералӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, гуфт, ки алҳол дар 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда кор идома дорад. Таҳияи Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Қурғонтеппа, Истаравшан, Сарбанд, Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯшон ва Роштқалъа дар баррасии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашаии «Шаҳрофар» қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






