Тоҷикистон дар Лондон муаррифӣ мегардад
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик дар Лондон Маркази рушди иқтисодии Тоҷикистон созмон дода шуда, он дорои сомонаи интернетии www.trade.tojikiston.com хоҳад буд. Дар сомонаи мазкур, ки хусусияти рекламавиро дорад, ҳамарӯза маводи зарурӣ роҷеъ ба барномаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷо дода мешаванд. Масъалаи мазкур 28 июл зимни ҷаласаи гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия Матлубхон Давлатов бо иштироки Лорд Вейверли, роҳбари гурӯҳи парлумонии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои тақвиятбахшии муаррифии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва ҷалби инвеститсияи ин кишвар ба Тоҷикистон матраҳ гардид.Ҷаласаи мазкур дар асоси дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз мулоқот бо роҳбари гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Лорд Вейверли баргузор гардида, дар он масъулини вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Палатаи савдо ва саноат ширкат варзиданд.Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов, масъулияти ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи корӣ ба ӯҳдаи Нуриддин Саидов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ вогузор карда шуд








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






