Вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҷиҳати омӯзиши омилҳои болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҳисоби мутахассисони Хадамот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки он мониторинги бозори маводи сӯзишвории бензин ва сӯзишвории дизелиро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ назорат мекунанд.«Дар 47 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки аз тарафи гурӯҳи кории Хадамот мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта буд, аз рӯи натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки дар аксарияти нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маводи он ба таври шартномавӣ ва бе нишондиҳандаи нархи хариди маҳсулот сурат мегирад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдар Тоғоймуродов. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар хусуси вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ нисбат ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ парванда оғоз карда шуд. Ба иттилои намояндаи Хадамоти мазкур дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 11 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ парванда бо аломатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон оғоз гардида, ба 7 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба маблағи 1 715 сомонӣ ҷарима баста шуд. Сардори раёсати ҳимоя роҷеъ ба рушди рақобат А. Хоҷаев иброз дошт, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ се ширкати калонтарин- «Газпромнефт Тоҷикистон», «Нури дилшод» ва «Умед-88» фаъолият доранд. «Мо имкони тағйирдиҳии нархи маводеро, ки ба бозор дохил мекунанд, дорем, чунки Хадамоти зиддинҳисорӣ аз болои ин се субъект назорат мебарад. Вале ғайр аз ин се субъект мо имкони назорат кардани дигар субеътҳою иштирокчиёни бозорро надорем, онҳо озод ҳастанд, дар асоси нархҳои харид ва хароҷоти мустақими худ метавонанд нархи муайян монанду ба бозор пешниҳод кунанд», — зикр намуд А. Хоҷаев.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






