Вусъати сохтмони иншооти варзишӣ дар Суғд
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.Дар доираи сафари корӣ Маликшо Неъматов аз иншооти ҷашнии корхонаи сангҳои ороишӣ, аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Нефттоҷикпром» ва гармхонаи парвариши гулҳои ороишӣ дидан намуд.Ёдовар мешавем, ки баробари ба фаъолият пардохтани ин корхонаҳои ҷашнӣ ҷавонони зиёд бо ҷойи кор таъмин мешаванд ва ин барои шукуфоии Тоҷикистон ва ҷашни Истиқлолият тӯҳфаи арзанда хоҳад буд. Ҳамчунин раиси Кумита Маликшо Неъматов бо фаъолони шаҳри Чкалов мулоқот намуд. Дар доираи мулоқот М.Неъматов аз дастовардҳои 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон ёдовар шуда, бори дигар ҳозиринро ба ватандӯстӣ даъват намуд.Ҳамчунин Маликшо Неъматов бо сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вохӯрд.Баъд аз мулоқот бо фаъолони ноҳия раиси Кумита аз мактаби варзишии ноҳия ва толори варзишии ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчоҳ дидан намуд.М. Неъматов инчунин аз сохтмони толори варзишӣ, ки бо дастури сарвари давлат баъд аз мулоқот бо варзишгарон дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Масчоҳ бунёд гардида истодааст, дидан намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






