Ярмаркаи ҷои кор

Июль 22, 2011 15:52

Кўлоб, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли ахолӣ ва муҳоҷират ярмаркаи ҷойҳои холии кор доир намуд.Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ки дар шаҳри Кӯлоб ташкил гардид, аз ҷониби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои фарҳангию тибии шаҳру ноҳия беш аз 450 ҷойҳои холии кор пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, корхонаи пойафзоли шаҳри Кӯлоб, ки дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, 300 ҷои холии кор пешниҳод намуд. Дар ярмарка инчунин шаҳрвандон барои касбомӯзӣ номнавис шуданд, ки метавонанд дар бахшҳои дӯзандагию челонгарӣ ва дигар намуди касбҳо дар назди райёсати агентӣ дар шаҳри Кӯлоб ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Бинобар иттилои раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳочират дар шаҳри Кӯлоб то имрӯз ба раёсат 1008 нафар шаҳрвандон барои ҷои кор муроҷиат намуда, 724 нафари онҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Июль 22, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад