Захираи хӯроки чорво
Кӯлоб, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Чорводорони ноҳияи Ховалинг дар мавсими имсола ба ҷамъоварии хӯроки чорво оғоз намуданд. Деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Ансори-1» майдони кишти юнучқа ва ғалларо бамаротиб васеъ намуда ва айни замон ба дарав ба бастабандии юнучқа машғуланд.Бояд қайд намуд, ки хоҷагии мазкур ҳамасола хоҷагиҳои дигари чорвопарварро бо хӯрока, аз ҷумла, бо каҳбеда қисман таъмин менамояд. Имсол ҳам захираи дусолаи хӯроки чорво таъмин гардида, беш аз 5000 бастаи коҳ барои фурӯш омода карда шудааст. Хочагидорон мақсад доранд, ки то охири фасли тирамоҳ ҷамъоварии хӯроки чорворо идома диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






