«Зебосанам» дар Кохи Ваҳдат
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» ният дорад, ки моҳи августи соли ҷорӣ даври ниҳоии озмуни телевизионии «Зебосанам»-ро дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт баргузор намояд. «Мо мехоҳем озмуни ҷамъбастии «Зебосанам» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардад. Якҷоя бо тамошобинон ва мухлисони ин шоу- барномаи машҳур аз зебоӣ, дониш, нафосат ва зарофати духтарони барнома завқ барем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи Давлатии Телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлатов ба хабарнигорон. Л. Давлатов зикр намуд, ки «Зебосанам» лоиҳаи навбатии баранда ва муҳаррири боистеъдод Дилафрӯз Сатторова мебошад. «Мақсади таъсиси ин озмун на танҳо интихоби тоҷикдухтари аз ҳама зебо аст, балки таблиғи фарҳанги тоҷик, эҳёи анъанаҳои миллӣ оид ба зебогии зан, аз ҷумла мӯйи дароз, латофат, хоксорӣ ва шармгинӣ мебошад» — изҳор намуд директори шабака.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






