Ғалабаи аввалини гӯштингири тоҷик дар Париж
Душанбе, 25 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Гӯштингири тарзи дзюдои тоик Фарҳод Раҳимов дар мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи намуди гӯштин, ки дар шаҳри Парижи Фаронса сурат мегирад, ғалабаи аввалинро ба даст овард. Дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо аз ин хусус хабар дода мешавад.Фарҳод Раҳимов, ки дар вазни то 81 кг қувваозмоӣ менамояд, дар даври аввали мусобиқа дзюдочии Шведсия Робен Пакёрро мағлуб сохт. Ӯ дар даври дуюми мусобиқа бо намояндаи Гаити Д.Ричардсон вомехӯрад. Ҳарифи Шералӣ Бозоров (вазни то 81 кг) варзишгари Аргентина Эммонуел Лукнети мебошад, ки ӯ дар даври аввал гӯштингири покистонӣ Каромат Бутро мағлуб сохтааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






