Қабули қонунҳои нав аз ҷониби Президенти ҶТ

Август 4, 2011 08:45

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар»).-2 август, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи рўзҳои ид», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо назардошти талаботи ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба масъалаи мазкур вобаста аст, таҳия ва қабул карда шудааст. Меъёрҳои қонуни мазкур барои рушди инсони комил, таҳкими сармои зеҳнӣ, таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фарзанд равона карда шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қонуни нав буда, номгўи фаъолиятеро, ки таҳти амали он қарор мегирад, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар карда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми бимакунонии пасандозҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар рўзномаҳои расмии кишвар ба нашр расонида мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 4, 2011 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд