Қабули иловагии намояндагии ДДМ

Август 29, 2011 11:54

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). Намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ба оғози соли нави таҳсили 2011-2012 тайёрӣ мебинад. Кормандони макотиби олиро вохӯрӣ бо донишҷӯён ва донишҷӯёни соли аввал интизор аст. Дар намояндагии мактаби олии мазкур, ки ифтитоҳи он соли 2009 баргузор гардид, ҳамагӣ 98 донишҷӯ таҳсил менамуд. Айни замон донишҷӯён аз рӯи шаш ихтисос ва ду равияи илмии гуманитарӣ ва аслӣ таҳсил менамоянд. Он вақт танҳо ду ихтисос- «Риёзиёт ва барномасозии амалӣ» ва «Муносибатҳои байналмиллалӣ» мавҷуд буд. Аз соли 2010 шӯъбаи геология фаъолият дорад. Имсол се шӯъбаи нав- «Худидоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», «Кимиё, физика ва маводи механикӣ» ва «Забоншиносӣ» кушода шуд. Ба ғайри ин намояндагии мактаби олии номбурда аз 1 то 10 сентябри соли ҷорӣ қабули иловагии донишҷӯён ба гурӯҳҳои буҷавӣ барои 14 ҷойи холии квотадор ҷиҳати тарбияи мутахассисони факултаҳои «Кимиё, физика ва механика»-ро эълон менамояд. Нафароне, ки хоҳиши гирифтани ин ихтисосҳоро доранд, бо худ нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бояд дошта бошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти намояндагии мактаби олии мазкур иттилоъ доданд.

Август 29, 2011 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад