Қадрдонии фаъолони ҷомеа

Август 19, 2011 14:40

                                                                                                                             Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонд.Дар маросими имрўзаи мукофотсупорӣ хизмати арзандаи наздики 200 нафар шоирону нависандагон, ҳунармандони театр, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои зебо, кормандони радио, телевизион, синамо ва воситаҳои дигари ахбори умум бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуд.Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ҳар яки дар ин маросим иштирокдошта дар таҳкими пояҳои фарҳангии давлату давлатдории навини тоҷикон, муаррифии фарҳанг, санъат, адабиёт ва дигар арзишҳои муқаддаси давлату миллат дар арсаи минтақа ва ҷаҳон хизматҳои арзандаи қадрдонӣ кардаанд.Ин аст, ки ду нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 55 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 50 кас бо медали 20 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 9 нафар ҳунармандони маъруфи кишвар сазовор дониста шуданд.Cе нафар ба гирифтани унвони фахрии ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.Як нафар бо унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.Як нафар бо гирифтани унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикитон мушарраф шуд.Ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 9 нафар сазовор дониста шуд.Ба 10 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, телевизион, синамо, иттилоот ва китобдорӣ унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.Беш аз 30 нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Дар охир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ табрику таҳният гуфта, барояшон илҳому барор ва бороварӣ дар корҳои эҷодӣ таманно намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷашну идҳои пурифтихори миллию давлатии пешомад ва умуман рушди фарҳанги миллӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои мазкур ва ба таври шоиста муарррифӣ намудани арзишҳои волои таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати тоҷик ба оламиён аз ҳар як фарди худогоҳу худшиноси эҷодкор заҳмати шаборўзӣ ва фидокориҳоро талаб мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 19, 2011 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!