Қонуни афв қабул мегардад

Август 18, 2011 16:33

Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19 август палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро дар ҷаласаи ғайринавбатии худ баррасӣ менамояд. Лоиҳаи Қонуни мазкур, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст, аз 29 модда иборат мебошад. Дар лоиҳаи қонун гурӯҳи шахсоне, ки нисбат ба онҳо афв татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи Қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст. Аз назари коршиносони масоили сиёсӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии ин санад бозгӯи иқдоми наҷибонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат буда, шаҳодати арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Август 18, 2011 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад