Қ. Расулзода: «Мардум вакилони худро хуб намешиносанд»
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). 19 августи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияи VI – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати IV баргузор гардид.Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакилон 59 нафар иштирок намуданд. Раиси вилоят таъкид кард, ки бояд корҳои идеологӣ дар вилоят, бахусус дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаву кӯчаҳо ҷоннок карда шуда, эътибор ба кадрҳои марбутаи соҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода фаъолияти вакилонро дар ин самт суст арзёбӣ намуд. «Пурсиши афкори омма баёнгари он аст, ки аксари мардум вакилони худро хуб намешиносанд. Бояд, ки робитаи вакилону роҳбарон бо мардум дар заминаҳои ҳамгироӣ ва рафоқат ба роҳ монда шуда, ба ҳалли масоили иҷтимоӣ мусоидат намояд», — таъкид дошт Раиси вилоят.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






