Ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон афзоиш ёфт
Душанбе, 18 август (АМИТ «Ховар», Покиза маҳмадбекова). – Тайи ҳафт моҳи соли 2011 ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон 4,5 миллиард сомониро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи мамлакат, дар ин давра даромади андоз беш аз 2,7 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 767,6 миллион сомонӣ, ё 39,3 фоиз афзуд.Даромади ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии мадохилот 6,6 фоиз ё 262,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 131,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Хароҷоти буҷаи давлатӣ дар моҳҳои январ – июни соли равон беш аз 3,8 миллион сомонӣ буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробари 1,3 миллиард сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






