Ҳаҷми муомилоти савдо афзуд
Душанбе, 30 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти савдо, тармими автомобилҳо, молҳои рӯзгор ва асбобҳои истифодаи шахсӣ афзуд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои январ – июли соли равон муомилоти савдои чакана 8,7 фоиз зиёд шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 831,1 миллион сомонӣ зиёд аст.Ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи моли сохторҳои дигари тиҷоратӣ беш аз 4,1 миллиард сомониро ташкил дод.Дар ин давра вазни қиёсии муомилоти моли бахши ғайридавлатии савдо 98,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод. Вазни қиёсии амволи озуқа дар ҳаҷми умумии муомилоти мол 47,3 фоиз, ё беш аз 1,9 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳаҷми муомилоти чаканаи мол тайи моҳҳои январ – июли соли 2011 ба ҳар сар аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна баробари 543,4 сомонӣ буд. Дар ҳамин давра ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 276,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз афзуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






