Ҳадя ба духтарони Дарвоз

Август 10, 2011 16:05

Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ноҳияи Дарвоз маркази омӯзиши дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 20 нафар духтарони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон нозукиҳои касби дӯзандагиро дар ду давра, ки ҳар як давра аз 2 ва 3 моҳ иборат аст, аз бар менамоянд.Коргоҳи мазкур бо иқдоми намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз таъсис ёфтааст.Бо ташкили коргоҳи дӯзандагӣ духтарони маҳаллӣ на танҳо касби дӯзандагиро аз бар менамоянд, балки тавассути қарзи бефоиз намояндагии Кумитаи имдод ба онҳо мошинаи дарздӯзӣ дастрас менамояд. Ин раванд имкон медиҳад, ки духтарони дарвозӣ дар оянда бо азбар намудани нозукиҳои касби чеварӣ барои худ кори мусоид пайдо намуда, вазъи иҷтимоии худро беҳтар намоянд.Саидҷаводи Разавӣ, мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, дар асоси ҳамоҳангии роҳбарони мақомоти ноҳияи Дарвоз ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон духтарону занони афғон низ имкон доранд дар ин коргоҳ ҳунари чевариро аз худ намоянд.Алҳол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон беш аз 20 маркази омӯзишии дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо дар беҳдошти рӯзгор ва вазъи иҷтимоии бонувону духтарони маҳаллӣ нақши муассир мебозанд.

Август 10, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд