Ҳадяи «Суман» ба ҷашни Истиқлол

Август 3, 2011 14:11

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20 ҳазор адад парчами миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби чеварони чирадасти ширкати дӯзандагии «Суман» дӯхта шуда, ба ҷашни муқаддаси истиқлол ҳадя мегардад. Назар ба иттиллои Файзимоҳ Иброҳимова, директори ширкати «Суман» дӯхтани парчами миллӣ дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сурат гирифта, алҳол чеварони «Суман» 5 ҳазор парчами миллӣ тайёр кардаанд. Парчами миллӣ, ки аз матои абрешим дӯхта мешавад, андозааш 180 ба 90 см мебошад.  Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суман» соли 1990 таъсис ёфта, алҳол дар он беш аз 60 нафар чеварон ва мутахассисон дар як баст фаъолият менамоянд. Файзимоҳ Иброҳимова меафзояд, ки чеварони «Суман» асосан ба дӯхтани навъҳои гуногуни гулдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки тӯли солҳои охир эҳё гардидаанд, машғул мебошанд. Меҳнати чеварон заҳматталаб аст,- мегӯяд Файзимоҳ Иброҳимова, зеро чеварони «Суман» бо сӯзан сару кор доранд. Аз ин рӯ, маҳсулоте, ки чеварони «Суман» медӯзанд, хеле босифат, диққатҷалбкунанда ва бозоргир мебошад. Муштариёни маҳсулоти «Суман» асосан хориҷиҳо ва шаҳрвандони худи Тоҷикистонанд. Ин аст, ки маҳсули дастони бонувони «Суман», хусусан пироҳанҳои гулдӯзию зардӯзӣ, болишт, сӯзаниҳо, ҷузвдон (сумка) ҷиҳози арӯсию домодӣ дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз қабили Маскав (2000), Париж (2002-2004) ва Британияи Кабир (2008) ба маърази тамошо гузошта шуда, дар муаррифии ҳунари қадимӣ ва волои мардуми тоҷик нақши муассир гузоштааст. Хамзамон, роҳбарияти «Суман» ҷиҳати истироҳату фароғати чеварон тадбирҳои судманд андешида, онҳоро бо роҳхат ба осоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ мефиристад.

Август 3, 2011 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад