«Ҳафтаи байналмилалии об» оғоз шуд

Август 23, 2011 10:22

Душанбе, 23 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 21 август «Ҳафтаи байналмилалии об» оғоз ёфт, ки имсол мавзӯи он «Об ва шаҳришавӣ (урбанизатсия)» мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 880 миллион нафар аз истифодаи оби нӯшокии бехатар маҳрум аст. Тавре Маркази навигариҳои СММ хабар медиҳад, ин маърака таҳти васояти Пажӯҳишгоҳи байналмилалии оид ба масоили оби Шведсия мегузарад, ки дар он муассисаю бунёдҳои СММ фаъолона иштирок менамоянд. Дар робита бо ин воқеаи фархунда намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва коршиносони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба манзури баррасии роҳҳои фароҳам овардани имконияти истифода аз оби поки нӯшокӣ дар шаҳри Стокголм ҷамъ омадаанд.

Август 23, 2011 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад