Ҳамрохон Зарифӣ ба Истамбул рафт
Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 15 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маҷлиси фавқулоддаи Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ аз рӯи масъалаҳои кӯмак ба Сомали ба шаҳри Истамбул рафт.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҷлис 17 августи соли равон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тойип Эрдоган ва таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Қозихонов баргузор мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






