Ҳавои гарму хушки саудӣ кай тарки Тоҷикистон мекунад?
Душанбе, 4 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз 4 то 7 август дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда шуда, танҳо шурӯъ аз 8 август ҳарорати ҳаво аз 3 то 4 дараҷа паст мефарояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Сабаби асосии беш аз 40 дараҷа гарм шудани ҳарорати ҳавои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз қисмати ҷанубии кишвар ворид шудани ҳавои гарму хушки биёбонҳои Арабистони Саудӣ аст. Дар ин муддат ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 25-30 рӯзона 40-45 дараҷа, дар Суғд- шабона 23-28, рӯзона 38-43 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 18-23, рӯзона 37-42 дараҷа, дар кӯҳҳо шабона 15-20, рӯзона 34-39, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 20-25 дараҷа, рӯзона 33-38 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳои ин вилоят аз ҷумла, дар Дарвоз ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад. Дар Шарқи Бадахшон шабона 5-10, рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 40-42 дараҷа гарм мешавад. Парвина Саидҷамолова афзуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво ҳодисаи муқаррарӣ буда, он дар солҳои 1982, 1983, 1984, 1990, 1994, 1995, ва 1997 дар ҷумҳурӣ мушоҳида гардида буд. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар кишвар ба вуқӯъ омадани ҳар гуна ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли сӯхтор, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва дар минтақаҳои кӯҳии кишвар баробари обшавии пиряхҳо ба амал омадани сел дар назар дошта нашудааст.Бояд тазаккур дод, ки гарм шудани ҳарорати ҳаво аз оғози моҳи август дар ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки дар кулли кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон оғоз гардидаву мусулмонони ҷумҳурӣ дар ин моҳи шариф рӯза медоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






