«Ҳифзи муҳити зист» ҷамъбаст гардид

Август 30, 2011 12:04

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — 29 август дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни рўзноманигорони ҷумҳурӣ ҷамъбасти озмун барои маводи беҳтарин дар мавзўи «Ҳифзи муҳити зист дар давраи соҳибистиқлолӣ» доир гардид.Ба Кумита аз муаллифони гуногуни шаҳру ноҳияҳои кишвар 16 мақола, 9 маводи радиоӣ ва 3 маводи телевизионӣ (ҳамагӣ 28 мавод) пешниҳод шуд. Ҳайати комиссия маводи пешниҳодшударо баррасӣ намуда, ба хулоса омаданд, ки аксари мавод душвориҳои мавҷударо дуруст инъикос карда, баҳри ҷалби аҳолии кишвар барои ҳалли масъалаҳои экологӣ даъват ба амал меоранд. Комиссия хулоса кард, ки муаллифони маводи пешниҳодшуда бо маблағи 300 сомонӣ ва барои ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 100 сомонӣ мукофотонида шаванд. Сайфиддин Суннатӣ, Ҷумъа Қувват, Назир Назиров, Бурҳониддин Каримзода, Орзу Ашўров, Қудратулло Раҳматуллоев аз ҷумлаи ғолибони озмуни мазкуранд.

Август 30, 2011 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш