Ҳифзи муҳити зист
Кӯлоб, 16 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳамаи бахшҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа дигаргуниҳои кулӣ ба вуқӯъ пайваста, рушди бемайлони соҳаҳои мухталиф такмили малака ва дониши тахассусиро тақозо менамояд. Бо назардошти муҳимияти бозомӯзии кадрҳои соҳа Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани давраҳои омӯзиширо дар байни кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти кишвар роҳандозӣ намуд. Дар ҷараёни даври омӯзиши сардори шӯъбаи назорати захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Муборакшо Қадамов ба иштирокчиён оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузориҳои ҶТ дар самти истифодаи захираҳои об Кодекси оби ҶТ, ҳимояи ҳуқуқи кормандони соҳа бобати масъалагузорӣ ва дахлпазирии дигар ташкилоту идораҳо дар самти таъминот бо об ва истифодаи манбаҳои об маълумоти саҳеҳ ва дастурҳои муфид пешниҳод намуд.Таъкид шуд, ки баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати дар сатҳи лозима ба роҳ мондани фаъолияти бахшҳои ҳифзи муҳити зист метавонанд мусоидат намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






