Ҳимматбаландии Раиси шаҳр дар моҳи Рамазон
Душанбе, 9 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муносибати фарорасии ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва моҳи мубораки Рамазон ба 5057 нафар аҳолии пойтахт кӯмакпулии якдафаъина мерасонад. Маблағи умумии кӯмакпулиҳо беш аз ду миллион сомониро ташкил дода, он аз фонди захиравии Раиси шаҳр ва маблағҳои озоди буҷаи пойтахт ҷудо карда шудааст.Аз ҷумла, ба 202 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании /ҶБВ/ солҳои 1941-1945 ба андозаи 600 сомонӣ, ба 123 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 500 сомонӣ, 414 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 118 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 169 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ба пайвандони 296 нафар шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 6 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ва 928 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунад, ба ҳар кадом ба андозаи 450 сомонӣ ва ба 2798 нафар кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 400 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода мешавад.Ин тадбир дар доираи анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд андешида шудааст.Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр, кӯмакпулиҳо то 18 август аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо дастраси шахсони зикршуда гардонида мешаванд.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






