Ҳолатҳои қонуншиканӣ ошкор шуданд
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки давоми шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ кумитаи мазкур 2675 ҳолати вайронкунии қонунгузории истифодаи заминро ошкор намуда, нисбат ба 1676 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дастури дахлдор ироа намуда, нисбат ба 1627 ҳолат протокол тартиб дода ва нисбат ба 1628 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кард, ки дар натиҷа шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ ба маблағи 474 ҳазору 170 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз маблағи ҷаримашуда 316 ҳазору 601 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо ворид шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 101 мавод барои чораҷӯӣ ба прокуратура, 227 мавод барои ситонидани ҷарима ба судҳо ирсол гардида, 1224 ҳолати вайронкунии қонуни замин дар масоҳати умумии 6153 гектар бартараф шуда, замин ба ҳолати аввалааш баргардонида шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






