Ҷамшед Халилов дар даври якуми мусобиқа ноком шуд
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи гӯштини дзюдо дар мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи ин тарзи гӯштин дар шаҳри Парижи Фаронса аз иштироки як варзишгар маҳрум гардид. Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кг бо гӯштингири гурҷистонӣ Амиран Папинашвили қувваозмоӣ намуда, мағлуб шуд. Ба ҳамин тариқ, Ҷамшед Халилов дар даври аввали мусобиқа имконияти давом додани муборизаро барои дарёфти медал аз даст дод. Имрӯз, 24 август, Расул Боқиев дар вазни то 73 кг бо гӯштингири итолиёвӣ Андрей Регис қувваозмоӣ менамояд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






