Ҷан Чунсян ба Душанбе меояд
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Аз 21 то 24 августи соли ҷорӣ котиби Ҳизби коммунистии вилояти Синзян Уйғур Ҷан Чунсян ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой Хан Чанфу озими шаҳри Душанбе мегарданд.Боздиди ҳайат нахуст аз хоҷагии шолипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз меёбад. Дар ҷараёни сафар вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздиди ӯ аз стансияи озмоишии Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Ҳисор, инчунин боздиди котиби Ҳизби коммунистии вилояти Синзян Уйғур аз зеристгоҳи трансформатории ширкати чиноии беруназшаҳрӣ дар назар аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






