Ҷиноятҳо бояд пешгирӣ шаванд

Август 25, 2011 10:35

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти ВКД дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ (то 22 – юми август) дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиноятҳо аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ ва тасарруфи амволи ғайр нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 бештар ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 63 нафар ҷони худро аз даст додааст.Ба иттилои манбаъ, теъдоди куштор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 50 фоиз афзудааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2008 як гурӯҳи ҷинояткорро бо сардории Шавкат Сафаров, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба ғорати нуқтаҳои мубодилаи асъор машғул буд, дастгир намуданд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Сафаровро (бо лақаби Шамил) ба ҳабси абад ва аъзои гурӯҳро аз 20 то 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Зарари расонидаи ин гурӯҳи ҷинояткор наздик ба 1 млн. сомонӣ муайян шудааст. Аз соли 2008 то 22 –юми августи соли ҷорӣ қариб 30 нуқтаи мубодилаи асъор ва фурӯшандагони ин нуқтаҳо мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифта буданд. Ба ақидаи коршиносон, барои пешгирии ҷиноятҳо бояд камераҳои видеоӣ дар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор насб карда шаванд, аммо то имрӯз дар ягон нуқтаи мубодилаи асъор аз чунин техника истифода нашудааст.

Август 25, 2011 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд